ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Мақомоти "Толибон"* мегӯянд, омодаанд, барои ҳар сарояндае барои тарки пешааш пул пардохт кунанд.
Ба навиштаи Sputnik Афғонистон, Муҳаммаднабӣ Мубин, узви Комиссияи "Толибон"* дар умури фарҳанг зимни суҳбаташ аз тариқи телевизион гуфт, ҳар моҳ ба овозхонҳое, ки довталабона тарки пеша мекунанд, ҳудуди 30-40 ҳазор афғонӣ пардохт карда шавад. Тибқи қурби асъор дар рӯзи 6-уми октябр дар Афғонистон, ҳазор афғонӣ баробар бо ҳудуди 10 доллар аст.
Маврид ба зикр аст, ки "Толибон"* баъди ғасби қудрат дар ҷойҳои оммавӣ мусиқиро манъ карда, барои занон дар кору таҳсил маҳдудиятҳо ҷорӣ намуданд.
Пешниҳоди мақомдори "Толибон"* барои пардохти ҳармоҳа ба овозхонҳо дар ҳолест, ки феълан кормандони давлатӣ дар ин кишвар дар гирифтани маош дучори мушкил шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки "Толибон"* дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон марзу минтақаҳои ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуд. Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури қаблии Афғонистон тарки кишвар кард.
Аъзои ин созмони террористӣ 7 сентябр ҳайати ҳукумати интиқолияшро эълон намуданд, ки аксарияти онҳоро толибони паштун ташкил медиҳанд ва онҳо мавриди таҳримҳои СММ қарор гирифтаанд. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд изҳор доштанд, ки мубориза барои ташкили як давлати исломии муътадил бо риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ва мардумсолориро идома хоҳанд дод.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар