Русия барои назорати Арктика ба кайҳон моҳвораҳои нав мефиристад

Русия барои назорати яхҳо ва вазъи обу ҳаво дар Арктика то соли 2025 моҳвораҳои нав мефиристад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Юрий Трутнев, ноиби сарвазири Русия гуфт, дар доираи барномаи кайҳонӣ то соли 2025 чор моҳвораи радиолокатсионӣ ба кайҳон фиристода мешавад.

"Се моҳвора барои назорати вазъи яхҳо, як моҳвора барои назорати вазъи метеорологӣ, чор дастгоҳи кайҳонӣ барои таъмини бошандагони минтақаи Арктика бо шабакаи интернет ва алоқа хоҳанд буд",-овардааст РИА Новости аз қавли Трутнев.

Ба гуфтаи ноиби сарвазир, моҳвора барои назорати вазъи метеорологӣ, "Арктика-М" соли 2023 ба мадор бароварда мешавад ва аллакай барои анҷоми ин амал 6 миллиард рубл ҷудо гардидааст.
Нақшҳои осмонӣ: Русия ҳайати бозигарони синаморо ба кайҳон фиристод
Тайи солҳои 2022-2023 моҳвораҳои "Кондор-ФКА" ва "Обзор-Р" ба мадор бароварда мешаванд.
Таъкид шудааст, ки ҳаҷми умумии маблағгузории ин лоиҳа 48 миллиард рублро ташкил медиҳад, ки аз он аллакай 33 миллиард рубл ҷудо гардида, ҷалби 15 миллиарди дигар зарур мебошад.