ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Лоиҳаи озмоишии вуруди муҳоҷирони кории ӯзбек барои кор дар сохтмонҳои Русия метавонад то охири моҳи октябр оғоз шавад, гуфт муовини вазири сохтмон Никита Стасишин.
"Барнома ниҳоӣ шуда истодааст. Қарори ҳукумат дар ояндаи наздик бароварда мешавад",-гуфт муовини вазир дар поёни ҳамоиши "100+ TechnoBuild".
Вай шарҳ дод, ки дар ин ҳуҷҷат нақшаҳои даъвати 10 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Ӯзбекистон дар назар аст.
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки ҳамаи меҳмонон бо ваксинаи "Спутник Лайт" эм карда мешаванд.
Хоҳишмандони кор дар сохтмонҳои Русия ба иншооти мушаххас ва ширкатҳои вижа ба ин кишвар даъват мешаванд.
Стасишин афзуд, ки Вазорати сохтмон ҳаҷми қувваи кориро ба ширкатҳое тақсим кардааст, ки на танҳо манзил, балки иншооти инфрасохтор, аз ҷумла космодроми "Восточный" - ро месозанд.
Ба гуфти ӯ, дар патенти муҳоҷири меҳнатӣ корхонаи мушаххасе номбар мешавад, ки дар он бинокорон фаъолият хоҳанд кард.
Пештар хабар дода шуд, ки дар доираи лоиҳаи озмоишӣ ҳар рӯз 250 шаҳрванди Ӯзбекистон барои кор дар бахши сохтмони Русия интихоб карда мешавад.
Муҳоҷирон бо қатораҳои чартерӣ тавассути роҳи оҳан, аз тариқи Қазоқистон ё тавассути ҳавопаймо озими Русия мешаванд.