ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Русия аз бемории коронавирус дастикам 929 нафар фавтид, ки аз замони авҷи беморӣ ин баландтарин нишондоди марг аз коронавирус дар Русия аст.
Ситоди фаврии мубориза алайҳи коронавирус дар Русия бо нашри охирин омори маргумир қайд намуд, ки дар 24 соати ахир дар шаҳри Санкт-Петербург 55 нафар, вилояти Свердловск 35, Саратов ва Ростов 35-34 ва вилояти Нижегородск 33 ҳолати фавти беморон аз коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Ба ҳамин минвол шумораи умумии қурбониёни коронавирус дар Русия ба 212 625 нафар расид.
Маврид ба зикр аст, ки дар панҷ рӯзи охир ҳолатҳои нави сироятшавӣ дар қаламрави Русия рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Шабонарӯзи гузашта 25 133 мавриди нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт гардид. Аз ҷумла дар шаҳри Маскав 3 589 нафар тоза гирифтори ин дард гардидаанд.
Манбаъ меафзояд, ҳоло дар Маскав 125 847 нафар гирифтори вируси COVID - 19 ба табобат фаро гирифта шудаанд.