ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Сокини 74-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ айбдор мешавад, хабар додааст Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои ВУД, дар пайи тафтишот маълум шудааст, ки марди солхӯрда ҳанӯз рӯзи 8-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 12:00 дар хонаи истиқоматиаш ҳамсараш, зани 37-соларо латукӯб намудааст.
Ташхиси судӣ-тиббӣ нишон додааст, ки зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Қаблан мақомоти умури дохилии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар кишвар бисёре аз мавориди ҷиноёти сангин дар доираи хонавода сурат мегиранд. Мақомоти умури дохилӣ бо зикри муноқишаҳои фоҷиабори хонаводагӣ шаҳрвандонро ба таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ дар оила даъват намудаанд.