Зиндагӣ дар истгоҳу гараж: Дар Суғд омори бесарпаноҳонро шарҳ доданд

Бино ба оморе, ки масъулини созмонҳои ҷамъиятӣ дар Хуҷанд гирд овардаанд, дар шаҳру навоҳии Суғд ҳудуди 500 нафар дар шароити бесарпаноҳӣ, дар кӯчаву истгоҳ ва гараж зиндагӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 окт – Sputnik. Масъулони созмонҳои ҷамъиятӣ зимни баргузории пурсиши сотсиологӣ роҷеъ ба арзёбии вазъи зиндагии онҳое, ки дар кӯча ва истгоҳҳои Суғд зиндагӣ мекунанд, шумори бесарпаноҳонро маълум намуданд.
Баҳрӣ Абдураҳмонова, роҳбари созмони ҷамъиятии “Диёр” ва яке аз ҳамоҳангсозони барномаи кӯмак ба бесарпаноҳон дар Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, онҳо дар шаш шаҳру навоҳии Суғд даҳҳо бесарпаноҳро пайдо намудаанд, ки дар гараж ва биноҳои валангоршудаи аз назар дурмонда, дар шароити душвори беҳдоштӣ ба сар мебаранд.

“Ҳеҷ яке аз бесарпаноҳон ваксина нагирифтаанд. Баъзеи онҳо, мутаасифона, бемор ҳастанд. Онҳо на маълумот доранд ва на пулу ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият. Ин мушкилиҳои асосӣ аст, ки монеаи мутобиқ шудани онҳо ба зиндаги ҷамъиятӣ мегардад”,-иброз намуд Абдураҳмонова.

Бино ба гуфти роҳбари “Диёр”, шуморе аз бесарпаноҳон онҳоеро мегӯянд, ки баъди хатми интернат, ихроҷ шудан аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё озод шудан аз маҳбас хонаводаҳояшон қабул накардаанд.
Созмонҳои ҷамъиятӣ маълум намудаанд, ки ин гуна афрод аз меҳнати ҷамъиятӣ дур монда, умдатан аз ҳисоби ҷамъ намудани зарфҳои шишагиву плостикӣ дар нуқтаҳои партовпартоӣ рӯз мегузаронанд.
“Баъзеҳо оилавӣ дар назди гаражҳо зиндагӣ мекунанд, вале фарзандонашон аз мактаб ва таълими боғча дур мондаанд, барои он ки ҳуҷҷат надоранд. Аз ин лиҳоз аз имкониятҳои тиббӣ низ бархурдор нестанд”,-қайд намуд роҳбари “Диёр”.
Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Хуҷанд зимни баргузории як нишаст фикру андешаи худро дар бораи дастгирии афроди бесарпаноҳ баён намуданд.