ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Вилояти Астрахан ба Ҳукумати Русия дархости лағви маҳдудият барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба корҳои мавсимӣ дар ин минтақаро ирсол кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Астрахан, волӣ Игор Бабушкин аз тағйирот дар шеваи ҷалби муҳоҷирон ба корҳои мавсимӣ гуфтааст.
"Дар сатҳи федералӣ тафоҳум ҳосил шуд, ки кишоварзони Астрахан дастгирӣ шаванд",-изҳор доштааст Бабушкин.
Ба гуфтаи волӣ, феълан қароре дар Ҳукумати Русия дар ҳоли баррасӣ аст, ки он ба вилояти Астрахан дар ҷиҳати ҷалби бидуни маҳдудияти муҳоҷирони корӣ ҳаққи истисноӣ медиҳад.
Ӯ афзуд, ки баъди тасвиби қарор кишоварзони вилоят метавонанд ба ҷалби муҳоҷирон ба корҳои мавсимӣ пардозанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола Ҳукумати Русия ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатии хориҷиро таъйид мекунад, ки дар ин зимн хоҷагидорон онҳоро барои иҷрои корҳои мавсимӣ даъват мекунанд. Аз ҷумла дар соли 2019 хоҷагидорони Русия ҳақ надоштанд, беш аз 50 дарсади коргаронашро аз ҳисоби муҳоҷирон таъйин кунанд.
Бабушкин ин маҳдудиятро яке аз омилҳои боздорандаи рушди растанипарварӣ дар минтақа хонд.