СААД дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон тамриноти низомӣ мегузаронад

Кишварҳои узви СААД дар ду майдони ҳарбӣ дар наздикии марзи Афғонистон тамриноти ҳарбӣ баргузор мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Моҳи октябр дар Тоҷикистон се мавриди машқҳои низомии муштараки кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад, хабар медиҳад генерал-полковник Александр Лапин.
Дар тамриноти низомӣ, ки дар наздикии марзи Афғонистон гузаронида мешавад, беш аз 2,7 ҳазор ҳарбиёни русиягӣ, ки аксари онҳо аз пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон мебошанд, ширкат хоҳанд кард.

"Моҳи октябр дар Тоҷикистон, дар наздикии марз бо Афғонистон мо бо ҳайати низомии кишварҳои узви СААД се тамринот - "Ҳамкорӣ ", "Ҷустуҷӯ" ва "Эшелон", ки дар он беш аз 2,7 ҳазор низомиёнро ҷалб хоҳем кард, баргузор мекунем",-гуфт Лапин.

Ҳамчуни, ба машқҳои амалии СААД дар ду тамрингоҳи Тоҷикистон "Ҳарбмайдон" ва "Момирак" беш аз 500 воҳиди техникӣ ҷалб мешавад.
СААД нақшаи амал ҳангоми ҳамлаи террористони афғон ба Тоҷикистонро эълон кард
Пештар дабири кулли СААД Станислав Зас аз силсилаи машқҳои густурдаи низомӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хабар дод.
Патрушев гуфт, кӣ кафили амният дар Осиёи Марказист
Ба хотири ҳифзи Тоҷикистон, ки тӯлонитарин марз бо Афғонистон дорад, СААД як қатор чораҳоро таҳия кардааст.