Рекорди нави нархи газ дар Аврупо

Нархи газ дар Аврупо ба ҳисоби миёна аз аввали ҳафта то ҳол ба андозаи аз 8 то 13 дарсад афзоиш ёфта, рекорди нав гузоштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Барои як ҳазор метри мукааби газ феълан дар Аврупо беш аз 1300 доллари амрикоӣ пардохт мегардад, бармеояд аз додаҳои биржаи ICE.
Нарх дар оғози додугирифт ҳудуди 1228,8 доллари амрикоиро ташкил дода, то ба 1303 доллар расид, хабар додааст "РИА Новости".
Ин дар ҳолест, ки додугирифти рӯзи душанбеи 4 октябр бо нишондоди 1156 доллар сари як ҳазор метри муккааб ҷамъбаст шуд.
Қимати сӯзишворӣ дар кишвар: Газ каме арзону бензин боз гаронтар шуд
Нархи газ дар бозори Аврупо тайи моҳҳои охир хеле боло рафт. Агар дар аввали август нархи 1 ҳазор метри муккааби газ 515 доллари амрикоиро ташкил медод, як моҳи баъд то 614 доллар расида, то аввали октябр ду баробар боло рафт.
Таҳлилгарон ин ҷаҳишро ба кам будани захираҳои газ дар анборҳои Аврупо, таъминоти маҳдуд аз ҷониби фурӯшандаҳои асосӣ ва талаботи зиёд ба гази моеъ дар Осиё рабт медиҳанд.
Дар ин пасманзар саҳмияҳои "Газпром" ба сатҳи бесобиқа расида, феълан 382 рублро ташкил медиҳад.