ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз ба синни 69 расид.
Ба ин муносибат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамтоёни ӯ аз кишварҳои дуру наздик бо ирсол намудани паёми шодбошӣ таҳният гуфтаанд.
Дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Тоҷикистон нахуст номаи табрикотии кишвардори Русия Владимир Путин унвонии Эмомалӣ Раҳмонро нашр намудааст.
Роҳбари Русия дар зимни тавсиф аз обрӯ ва нуфузи Эмомалӣ Раҳмон нақши ӯро дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ назаррас арзёбӣ кардааст.
"Зери роҳбарии Шумо Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиву сиёсӣ ба дастовардҳои зиёд ноил шудааст",-омадааст дар матни табрикотии Владимир Путин.
Дар идома президенти Русия ба ҳамтои тоҷики худ саломатӣ ва муваффақият таммано кард.
Дар баробари Владимир Путин ҳамчунин чанд намояндаи баландмақоми ин кишвар низ унвонии Эмомалӣ Раҳмон мактуби табрикотӣ фиристоданд.
Аз ҷумла, Раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар номаи шодбошии худ ба Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки "таърихи навини Тоҷикистон бо номи Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад".
Матвиенко афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз он обрӯ ва эътибори сазовор дорад ва Русия саҳми ӯро дар рушди муносибатҳои миёни ин ду кишвар қадр мекунад.
Михаил Мишустин, раиси Ҳукумати Русия ва Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия низ Эмомалӣ Раҳмонро бо рӯзи мавлудаш таҳният гуфтаанд.
Мишустин ва Медведев ба кишвардори Тоҷикистон саломатӣ, рифоҳ ва муваффақият дар фаъолияти пурмасъулияти давлатдорӣ таманно намудаанд.