ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Вакили маҷлиси шаҳри Ҷалолобод Таймурас Тошиев аз ваколатҳои худ даст кашид, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба иттилои раиси комиссияи минтақавии интихоботӣ Юсуфбек Бейшенбоев.
Ба гуфти ӯ, дирӯз Тошиев бо хоҳиши худ ба КҲИ барои супоридани ваколаташ ариза пешниҳод кардааст.
Таймурас Тошиев писари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев аст.
Дар интихоботи моҳи апрел ӯ аз ҳизби падараш, Ҳизби "Ата-Журт-Қирғизистон" вориди маҷлиси шаҳри Ҷалолобод шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки пештар додгоҳи шаҳри Бишкек қарори марҳилаи аввал алайҳи Тамерлан Тошиев, писари дигари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиевро бекор кард.
Парванда алайҳи писари раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон соли 2013 барои дуздӣ боз шуда буд.