ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. "Суғдсинамо", киностудияи давлатии Тоҷикистон ба бинандагон филми наве пешниҳод кард: "Один на миллион" ("Яке аз миллион"). Муаллифон тасмим гирифтанд, ки нахустнамоиш дар пойтахти Русия баргузор шавад.
Охири ҳафтаи гузашта филм барои тамошобинони Маскав пешниҳод гашт. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар намоиши ин филм ширкат кард ва бардошти худро аз он рӯйи сафҳа овард.
"Яке аз миллион"-и Муҳиддин Музаффар аз ҳаёти марде нақл мекунад, ки худро сохтааст. Ӯ аз як деҳоти дурдасти Тоҷикистон аз хурдӣ мавриди озмоиши сарнавишт қарор мегирад - бепадар мемонад ва бори зиндагӣ бар дӯшаш меафтад.
Вақте бо муваффақият имтиҳон месупораду барои қабул шудан ба донишгоҳ аз вай маблағ талаб мекунанд, роҳи муҳоҷиратро пеш мегирад ва пас аз машаққатҳои зиёд худро меёбад. Аммо бо ин филм ба итмом намерасад - зиндагӣ барояш озмоишҳои дигар пеш меорад.
Коргардони ҷавони филм Муҳиддин Музаффар, муаллифи чанд филми диданиву машҳур, ки аллакай дар соҳаи синамо бо гирифтани ҷоизаҳо аз Лондон то Қазон мавқеи худро пайдо кардааст, мегӯяд дар ин филм таҷрибаи 10-солаашро истифода кард.
"Мо беҳуда Маскавро барои нахустнамоиши "Один на миллион" интихоб накардаем. Бояд қайд кард, ки барои ба ҷаҳониён нишон додани пайроҳаи як тоҷики муваффақ аз таҷрибаи даҳсолаам истифода кардам, маблағи зиёде масраф гардидаву кӯшиш намудам, ки бо беҳтарин ҳунармандону кормандони соҳаи кино филмро офарам", - мегӯяд коргардон.
"Яке аз миллион" тарҷумаҳолӣ буда, шояд барои бархеҳо аҷиб ҳам бошад, зеро ҳикоят аз зиндагии тоҷир ва тренери тоҷик Саидмурод Давлатов мекунад.
Назарҳо нисбати ин шахсият якнавохт нест. Ӯ мухлисони зиёде дорад, ки дар тренингҳояш ширкат мекунанд ва китобҳояшро мехонанд, аммо онҳое низ ҳастанд, ки бовар доранд, пулашонро беҳуда сарф кардаанд. Ӯро дар Тоҷикистон бо Тони Роббинс муқоиса мекунанд.
Албатта, ин ҷо шояд афзун бар иқдоми Муҳиддини Музаффар, коргардони филм аз интихоби маҳз Давлатов масъалаи маблағгузорӣ низ бошад. Зеро тавре худи қаҳрамони филм мегӯяд, "Один на миллион" ("Яке аз миллион")-ро худаш маблағгузорӣ кардаву он бештар аз 5 миллион доллар арзёбӣ мешавад.
"Аз соли 2015 сар карда, коргардонҳои зиёде ба ман пешниҳод карда буданд, ки як филми тарҷумаҳолӣ офаранд, аммо ман қабул намекардам. Ниҳоят ба хулоса омадам, пайроҳаи зиндагиамро ба дигарон нишон диҳам, шояд муфид бошад", - мегӯяд вай.
Кинотеатри "Каро 11 октября"-и маркази Маскав рӯзи намоиши филм пур аз овезаҳои лаҳзаҳои филми тоҷикӣ ва пештоқи он низ як лавҳаи калони рекламаи филм овехта шуда буд.
Показ фильма в Москве "Один на миллион"
© Киностудия "Сугдсинамо"
Қолини сурх бинандагонро ба як толори дорои экрани калон роҳнамоӣ мекард. Дар сафи меҳмонон ҳам ғайр аз тоҷикон намояндагони дигар миллатҳо, русҳову қирғизҳо ва қазоқҳо ба назар мерасиданд.
Дар Маскави бузург, ки дорои бештар аз сад кинотеатр аст, пур кардани толор қариб амри маҳол аст. Дар намоиши "Яке аз миллион" агар толор пур набуд, бо таваҷҷуҳ ба ҷамъияти мавҷуд, метавон гуфт, ки серодам буд.
Арзиши билети филм бошад барои як муҳоҷири одӣ шояд гарон бошад. Билети вурудӣ ба тамошои филм 1700 рубл (бештар аз 250 сомонӣ) арзиш дошт. Давлатов мегӯяд, "онҳо мехостанд аз тариқи ин усул касоне вориди толор шаванд, ки "дар ҳақиқат, мехоҳанд филмро тамошо кунанд".
Дасти коргардони ҳирфаӣ
"Один на миллион" оғоз шуд. Филм бо забони русӣ хело хуб тарҷума шуда буд ва аз лаҳзаҳои аввал ҳунари коргардони ҳирфаӣ ҳис мешуд: мусиқии форам (бештар оҳангҳои этникӣ истифода шудаанд; оҳангҳо аз оҳангсози машҳур аз Тошканд Маршел), табиати зебои Тоҷикистон ва ҳунармандони касбӣ рӯи экран намоиш дода мешуданд.
Кадры из фильма "Один на миллион"
© Киностудия "Сугдсинамо"
Оғози "Яке аз миллион" ба филмҳои "Ҳолливуд" монандӣ дорад- худи қаҳрамон саргузашташро нақл мекунад ва ё ҳодисаҳои гузаштаро пеши назар меорад.
Филм аз намоиши роҳи мушкилгузари кӯҳсор ва муҳити солҳои 70-уми асри гузашта сар мешавад. Мошини боркаше ба мушкилӣ ҷониби таваллудхона ҳаракат мекунад, ки дар бордони он ду зан, яке ҳомилаву бо бастае нишастаанд.
Мошин наздик ба сарозер шудан ба ҷарӣ мешавад, яке аз занҳо аз ронанда хоҳиш мекунад, мошинро дорад ва овози тифли навзод баланд мешавад. Ин ҷо Давлатов мегӯяд, ки ӯро сарнавишт ҳатто ҳангоми таваллуд мавриди санҷиш қарор додааст.
Лаҳзаи ҷолиби дигари "Яке аз миллион" он аст, ки ҳодисаҳо пайиҳам сурат намегиранд: яъне бинанда интизор намешавад, ки "қаҳрамон кай калон мешавад, мактаб меравад, ба донишгоҳ қабул намекунанд, муҳоҷир мешавад ва ҳоказо". Ҳодисае рухдоди дигареро мекушояд ва ин ҷо аз ҳилае барои ҷазби бештари бинанда кор гирифта мешавад.
Боздошти "қаллоб"
Ҳодисаи аслӣ, ки минбаъд тамоми саргузаштро рӯшан мекунад - дастгир шудани қаҳрамони филм дар Қазоқистон ҳангоми гузаронидани тренинг мебошад. Давлатовро ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт мекунанд ва ӯ пардохти маблағи ҳангуфтеро, ки бо истифода аз номи вай аз мардум ҷамъ оварда буданд, ба гардан мегирад.
Маҳз ҳамин саҳнаи филм минбаъд ҳодисаҳоро яке паси ҳам мекушояд: Давлатов писари 10-уми як подабонест, ки падараш ҳанӯз дар айёми туфуллияти ӯ фавтидааст. Қаҳрамони филм дар муҳити русто тарбия мегирад. Ӯ маҷбур роҳи муҳорҷиратро ихтиёр менамояд. Дар Русия нахустин бор бо кумаки Александра Залина ном устодаш ба саҳна мебарояд ва бо аудитория кор мекунад.
Модари писарак дар тарбияи вай нақши муҳим мебозад, чун кӯдак аз хурдӣ бо меҳнат ва ҳикмат тарбият меёбад.
Показ фильма в Москве "Один на миллион"
© Киностудия "Сугдсинамо"
Бояд ба чашми мушкилӣ нигарист
Ҷое модар ба дасти Саиди хурдакак теша медиҳад ва хоҳиш мекунад, ки ба дари шикастаи оғилашон мех занад. Писарак, ки ҳудудан 10-сола ба назар мерасид, дар посух мегӯяд, ӯ намедонад, чӣ гуна ин корро анҷом диҳад. Модар мегӯяд, "ман ба ту роҳашро нишон медиҳам".
Модар теша ва мехро ба дасти писараш медиҳаду мегӯяд, ба мех задан гирад. Саид чашмонашро мебандад ва мехоҳад мехро дошта бо теша занад. Модар ӯро медорад ва аз писарак хоҳиш мекунад, ки дасташро болои тахта гузорад ва чашмонашро бандад. Зан бо теша ба дастони писарак мезанад ва ин дафъа хоҳиш мекунад ки боз дасташро гузорад, лекин чашмонашро напӯшад. Вақте зан тешаро ба дастони Саидмурод наздик мекунад, кӯдак дарҳол дасташро мекашад. Инҷо модар мегӯяд: "Ба чашми мушкилӣ бояд нигарист, то онро ҳал кард. Ҳеҷ гоҳ бо чашмони баста вориди коре нашав!"
Давлатов баъди иттиҳомот кӯшиш мекунад, ки мушкилиро ҳал кунад: нафароне, ки пул додаанд, ба ӯ "ҳамла" мекунанд ва ба ҳар роҳ мехоҳанд маблағашонро пас бигиранд. Дар тасвири ин маврид дар филм саҳнаҳои криминалӣ намоиш дода мешавад.
Кадры из фильма "Один на миллион"
© Киностудия "Сугдсинамо"
Вақте қаҳрамон дар роҳи ҳалли мушкилии молӣ вориди тангно мешавад, ҳамон хараки рамзӣ дар соҳили рӯди Маскав намоиш дода мешавад. Зимистони соли 1996. Саидмурод дар даст як борхалта дар ҳолате ки аз хунукӣ меларзад, дар харак менишинад ва аз Худованд зораву тавало мекунад, ки ӯро ба роҳе равон кунад.
Вақте Давлатов дар вартаи ноумедӣ қарор мегирад, роҳ ба сӯйи Тоҷикистон мегирад ва ба назди модар меравад. Аз модар як панд мешунавад - вақте Худованд ба инсон мушкилиеро медиҳад, ин маънои онро дорад, ки роҳи ҳаллашро низ ба ӯ медиҳад. Мушкилӣ то замоне мемонад, ки роҳи ҳаллашро намеҷӯянд...
Гардиши фалак
Давлатов ба Қазоқистон бармегардад, нақшаи тиҷорат ва баргардонидани қарзҳоро мекашад. Ӯ давра ба давра пулҳоро ба соҳибонашон бармегардонад ва ҳамзамон тиҷораташро рушд медиҳад. Филм дар нуқтае ба итмом мерасад, ки қаҳрамон боз ба назди харак меравад ва дар ҳоле, ки аз парвозу уфти худ мулоҳиза менамояд, шоҳиди гиряи ҷавони дигаре мешавад, ки аз Худо илтиҷои ҳалли мушкилиашро мекард...
Показ фильма в Москве "Один на миллион"
© Киностудия "Сугдсинамо"
Вақте пас аз анҷоми филм Давлатови "миллионер" ва қаҳрамони филм ба суолҳои тамошобинон ва рӯзноманигорон посух медод, аз вай пурсиданд: "Ҷавонеро ки дар назди харак дар ҳолати гиря дидед, кӣ буд?". Ӯ гуфт: "Муҳоҷироне, ки бо гардиши фалак ба ғарибӣ рафтаанд".
Филм хеле дар лаҳзаи ҳассос ба охир мерасад: бинанда қаҳрамонеро мебинад, ки новобаста аз ҳама мушкилиҳо меафтаду мехезад.
Шояд бархӯрдҳо нисбати шахсияти Саидмурод Давлатов гуногун бошанд ва ин табиӣ ҳам ҳаст. Чун ӯ шинохта аст ва тавре худаш мегӯяд, "миллионер" аст, аммо "Яке аз миллион"-и "Суғдсинамо" филми диданиест, ки бидуни шак, таконе барои ҳар як бинанда хоҳад шуд.