ДУШАНБЕ, 05 окт — Sputnik. Маркази матбуоти пойгоҳи низомии 201 – и Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, субҳи рӯзи 5 октябр дар даромадгоҳи ҳавлии мактаб гурӯҳи навозандагони низомӣ муаллимони мактаби №6 – ро бо мусиқии шод истиқбол гирифтанд ва сарбозони баталёни иктишофӣ бо либоси размии "Ротаник" бо тавзеъи гулҳои тоза муаллимонро табрик гуфтанд.
“Гурӯҳи овозии "Қалъаи Ҷанубӣ (Южний форпост)" ба унвони ҳадия оҳангҳои мавриди алоқаи муаллимони русиягиро иҷро кард”, - гуфт манбаъ.
Бино ба ин манбаъ, ҳамчунин дар ин рӯз афсарони пулиси низомӣ ҳамроҳ бо сарбозони ҷавон аз Наталия Фёдоровна Лунева, як собиқадори меҳнат, ки беш аз 45 соли умри худро сарфи омӯзишу тарбияти бачагон кардааст, хабар гирифтанд.
Сарбозон ба ӯ гул туҳфа карда, аз кори бузург ӯ қадрдонӣ намуданд. Дар маҷмӯъ ҳудуди 80 муаллим дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ки беш аз 1000 кӯдаки низомиён ва ғайринизомиёни пойгоҳ 201 – и Русияро омӯзиш медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки 5 октябр дар Русия ҳамчун Рӯзи муаллимон ҷашн мешавад.