ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ширкати "Ifop" махсус барои Sputnik миёни шаҳрвандони Аврупо як назарсанҷӣ бобати хуруҷи нерӯҳи Амрико ва тақдири минбаъдаи мардуми Афғонистон анҷом дод
Назарсанҷӣ аслан миёни шаҳрвандони кишварҳои ғарби Аврупо баргузор карда шуд.
Қариб нисфи немисҳо (49 фоиз), фаронсавҳо (34 фоиз), итолиёҳо (36 фоиз) шаҳрвандони Британия(40%), ва 41 фоизи испаниҳо бар ин назаранд, ки ҳамлаи соли 2001 ба Афғонистон хато буд.
Як қисмати муайяни пурсидашудаҳо изҳор доштанд, ки ҳамлаи Амрико ба Афғонистон диди онҳоро нисбати ин кишвар комилан дигаргун кард.
Дар ҳамин ҳол шумораи зиёди иштирокдорони назарсанҷӣ чунин изҳори назар намуданд, ки Амрико барои иштибоҳи худ, бояд гурезаҳои афғонистонро бидуни дудилагӣ пазирад ва дар кишвари худ ҷо диҳад.
Бояд гуфт, ки дар назарсанҷӣ 5032 мусоҳиб аз Фаронса, Олмон, Бритониёи Кабир, Италия ва Испания ширкат варзиданд.