ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Тоҷикистон ба рейтинги шохиси сифати рақамӣ (DQL) шомил шуд, аммо дар мақоми паст ҷой гирифт.
Ин рейтинг 110 кишварро шомил мешавад, ки Тоҷикистон дар он мақоми 104-умро гирифт.
Тибқи тадқиқот, аз ҷиҳати дастрасӣ ба интернет кишвар дар хатти 80, амнияти электронӣ дар ҷои 93 ва аз нигоҳи шохисҳои марбути ҳукумати электронӣ дар зинаи 105 қарор доштааст.
Аз ҷиҳати рушди зерсохтори рақамӣ ва сифати интернет ҷумҳурӣ мутаносибан ҷойҳои 107 ва 103-ро ишғол мекунад.
Мураттибони рейтинг қайд карданд, ки пасттарин суръати интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аст. Инро суръати интернети мобилӣ низ тасдиқ мекунад. Он танҳо 12.63 мегабит дар як сония аст, ки яке аз пасттарин шохисҳо дар ҷаҳон дониста мешавад.
Дастрасии фарохмаҷро рейтинг хеле беҳтар гуфтааст. Дар ин бахш Тоҷикистон дар ҷои 77-ум қарор гирифтааст.
Дастрасӣ ба интернет дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ тақрибан 70 дарсад бадтар аст.
Тибқи рейтинг, аксари кишварҳое, ки холҳои баланд доранд, аврупоиянд. Дания соли дувум аст, ки дар ҷои аввал қарор мегирад, Кореяи Ҷанубӣ ва Финляндия дар ҷойҳои дувум ва севум мебошанд. Дар охири ҷадвали раддабандӣ Ҳабашистон, Камбоҷа, Камерун, Гватемала ва Ангола ҷойгиранд.