Садамаи маргбор дар Восеъ ба марги мототсиклсавори 56-сола анҷом ёфт

Дар роҳи мошингарди ноҳияи Восеъ бархӯрди мошини "Нисан-патрул" бо мотосикли тамғаи "GZET-350" сурат гирифт, ки дар пай талафоти ҷонӣ дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як садамаи маргбори нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар пай талафоти ҷонӣ доштааст.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳодисаи нохуш дар роҳи автомобилгарди ноҳияи Восеъ рух додааст.

"Ронандаи мототсикли тамғаи "GZET-350", сокини 56 - солаи ноҳияи Ҳамадонӣ аснои ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Фархор дар даромадгоҳи ҷамоати деҳоти Деҳқонобод аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромад",-омодааст дар хабар.

Зимнан ронандаи 56-сола ба автомашинаи тамғаи “Нисан-патрул” таҳти идораи сокини 57-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрдааст.
Фавти муаллифи танзҳо дар бораи паёмбари Ислом дар як садама
Манбаъ меафзояд, зимни бархӯрд ронандаи мототсикл ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.