ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik. Бо сабаби пандемия ҳама чорабиниҳои оммавӣ дар Русия бекор карда шуданд. Дар ин бора роҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова дар ҷаласаи раёсати Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо коронавирус хабар дод.
"Баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар сартосари Русия манъ гардиданд. Минбаъд ҳама гуна чорабиниҳо танҳо бо қарори сардухтури санитарии давлатӣ вобаста ба ҷараёноти эпидемиологӣ гузаронида мешавад",-тавзеҳ додааст Попова.
Ба гуфтаи вай, бемории COVID-19 дар 67 минтақа афзоиш ёфтааст ва вазъи умумӣ дар робита ба бемории коронавирус вазнин арзёбӣ мешавад.
"Вазъият воқеан вахим аст",-изҳор доштааст роҳбари "Роспотребнадзор".
Ба таъкиди ӯ, шумораи санҷишҳо дар Русия бояд афзоиш ёфта, инчунин расондани натиҷаи онҳо ба беморон низ суръат бахшида шавад.
Попова қайд кард, ки ваз дар 12 минтақаи Русия махсусан муташанниҷ аст, зеро мавориди беморшавӣ то 20 фисад афзоиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта дар Русия 890 нафар маризи коронавирус давоми як шабонарӯз ҷон бохтанд, ки ин баландтарин нишондиҳандаи фавт аз замони авҷи дар ин кишвар коронавирус мебошад.