ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, омодааст бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот кунад ва бовар дорад, ки ин вохӯрӣ пурсамар хоҳад шуд.
"Ман бори дигар тасдиқ мекунам, ки мо ба ин вохӯрӣ омодаем ва бовар дорам, ки ин қадами дуруст барои вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Русия аст. Ба ман возеҳ аст, ки доираи президенти Федератсияи Русия намехоҳад, ки вай бо ман дар шакли тет-а-тет вохӯрӣ баргузор кунад, зеро ин вохӯрӣ метавонад натиҷаҳои ғайричашмдошт ба бор орад", - афзудааст Зеленский.
Президенти Украина ҳамчунин илова намуд, ки ба ҳама гуна мулоқот омодааст, зеро бовар дорад, ки ҳар гуна мулоқот дар ин сатҳ ба Украина дар ҳалли фоҷиаи Донбасс ва масъалаи Қрим кумак хоҳад кард.
Ӯ инчунин бар ин бовар аст, ки ҳангоми банақшагирии мулоқот бо Путин набояд ба як барномаи мушаххасе, ки "вазъ чӣ гуна аст" тамаркуз кунад. Зеленский мутмаин аст, ки мулоқоти ӯ бо Путин ҳатман натиҷабахш хоҳад буд.