Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Маълум шуд, ки “Толибон”* ба сарҳади кадом кишвар “кандаки истишҳодӣ” фиристоданд

Бар хилофи гуфтаҳои қаблӣ, “Толибон”* ба вилоятҳои марзӣ, аз ҷумла ба наздикии сарҳади Тоҷикистонро нерӯҳои худро интиқол додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. “Толибон”* “кандаки истишҳодӣ” ё “баталиони интиҳорӣ”-ро ба марзи Тоҷикистон эъзом мекунанд, иттилоъ додааст “Khaama Press”, дар истинод ба Нисор Аҳмад Аҳмадӣ, муовини волии вилояти Бадахшон.
Қайд карда шудааст, ки нерӯҳо ба марзҳои Афғонистон, аз ҷумла ба вилояти Бадахшон интиқол дода мешаванд.
Бояд гуфт, ки вилоят бо Тоҷикистон, Покистон ва Чин ҳамсарҳад аст.
Ҳамид Хуросонӣ суханони қаблиашро дар бораи қатлу шиканҷа дар Панҷшерро рад кард – видео
Ёдовар мешавем, ки аввалин маълумот дар бораи интиқоли нерӯҳои “Толибон” * ба ин минтақаҳо санаи 25 сентябр интишор шуд. Сипас намояндагони гурӯҳи “Толибон”* аз фиристодани "ҳазорон сарбози нерӯҳои махсус" ба музофоти Тахор хабар доданд.
Сипас намояндагони “Толибон”* маълумотро дар бораи кашидани нерӯҳо ба сарҳадро рад карданд.
* гурӯҳи террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.