ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Вазорати дифои “Толибон”* мегӯяд шуморе аз афроди ғайримасъул пас аз вурруди афроди ин гурӯҳ ба шаҳри Кобул аслиҳа, муҳимоти ҷангӣ ва мошинҳои идороти давлатиро гирифтаанд ва талош мекунандонҳоробифрушанд.
Ин вазорат дар эъломияи худ гуфта аст, ки гирифтан ва фурӯши аслиҳа, муҳимот ва мошинҳои бидуни санад то иттилои баъдӣ мамнӯъ аст.
Ёдрас мешавем, ки аввали моҳи август “Толибон”* ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш доданд.
15 август ҷангҷӯёни “Толибон”* вориди шаҳри Кобул шуданд ва Кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорати худ гирифтанд.
Сипас хабар расид, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кардааст. Субҳи 16 август Толибон эълон карданд, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расидааст ва шакли ҳукумати оянда дар Афғонистон ба зудӣ муайян хоҳад шуд.
7 сентябр Толибон рӯйхати аъзои ҳукумати нави Афғонистонро эълон карданд.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия