Дар Тоҷикистон замин ҷунбид: маркази он Боғи миллӣ

Маркази зилзила, ба гуфтаи муҳаққиқон боз дар ҳудуди Боғи Миллии Тоҷикистон ҷойгир шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 октябр - Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии зилзиласанҷии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон.
Заминларза соати 11:20 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ сурат гирифтааст.
Заминларза дар Тоҷикистон
Раштро шаби гузашта боз ду маротиба заминҷунбӣ такон дод
Ба иттилои вазорат, маркази зилзила дар ҳудуди Боғи Миллии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Он дар наздикии кӯҳи Раҷи-Бек воқеъ аст.
Шиддати заминларза 4,5 баллро ташкил дод. Умқи маркази заминларза 115 километр аз сатҳи замин аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи талафот ва харобкорӣ хабар намедиҳад.