Рукуди беш аз 100 корхона дар Афғонистон пас аз фурӯ афтодани ҷумҳурият

Утоқи саноӣ ва маодини Ҳирот мегӯяд, ки беш аз сад корхона тавлиде дар шаҳрак саноатии Ҳирот бо рукуд рӯ ба рӯ шудаанд ва тавлидоти шумори зиёде аз ин корхонаҳо мутавақиф шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Масъулони Палатаи саноат ва маъданҳои Ҳирот қайд карданд, ки дар зарфи камтар аз ду моҳ беш аз 100 корхонаи шаҳраки саноатии ин вилоят аз фаъолият бозмонданд ё тавлидоти худро коҳиш доданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба TOLOnews.
Ба гуфтаи онҳо, мушкилоти иқтисодӣ, нарасидани ашёи хом ва набудани бозор сабаби асосии коҳиши фаъолият дар шаҳраки саноатии Ҳирот мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти маҳаллии Ҳирот мегӯянд, ки барои пуштибонӣ аз тавлидоти дохилӣ ва сари по нигаҳдоштани шаҳраки саноатӣ маҳсули гумрукӣ колоҳои воридотиро чанд баробар афзоиш додаанд.
Эрон аз барқарорсозии раванди тиҷорат бо Афғонистон хабар дод
Коршиносони масоили иқтисодӣ ҳушдор медиҳанд, ки агар мушкилоти сармоягузорон ва соҳибони саноӣ зуд ҳал нашавад, кишвар бо бӯҳрони иқтисодӣ дучор хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти маҳаллӣ дар Ҳирот мегӯянд, ки бо вуҷуди пуштибонӣ аз истеҳсоли ватанӣ, онҳо маҳсли гумрукии колоҳои воридотӣ ҳаммонанди тавлидоти дохилиро чанд баробар афзоиш додаанд.
Дар ҳамин ҳол, бахши хусусӣ дар Ҳирот гуфтааст, ки ахиран аз байн рафтани фасод дар гумрук ва бехатарӣ дар шоҳроҳҳо ба сармоягузорон умед бахшидааст.