Раҳмон дар Ховалинг: аз ифтитоҳи мактабу чойхона то коргоҳи асал

ЭмомалӣРаҳмон, ки ноҳияи Ховалинг қарор дорад, феълан мактабу чойхона ва як коргоҳи коркарди асалро ифтитоҳ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг қарор дорад. Котиботи роҳбари давлат менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёди Тутаки ин ноҳия муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 - ро ифтитоҳ кард.
Бинои таълимӣ аз 11 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон иборат буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, дар муассисаи тозабунёд 28 омӯзгор бо ҷойи кор таъмин шуда, таълим дар мактаб бо 3 забон, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон бинои замонавии чойхонаи "Чилчанор"- ро мавриди истифода қарор дод.
Оғози сафари Раҳмон ба Ховалинг аз дуою фотиҳаи нек дар оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ
Ин чойхона аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, корҳои сохтмониро дар он 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ дар муҳлати кӯтоҳ босифати баланд ба анҷом расонидаанд.
Баробари мавриди истифода қарор додани чойхона 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Намои дохилӣ ва берунии чойхона бо шаклу унсурҳои хоси миллӣ ва муосир оро ёфтааст.
Дар ноҳияи мазкур ҳамчунин Коргоҳи коркад ва бандубасти асал мавриди истифода қарор гирифт.
Гуфта мешавад, самти асосии фаъолияти коргоҳи нав ба истеҳсол, ҷамъоварии асали табиии кӯҳӣ аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, коркарду бандубасти асали аз лиҳози экологӣ тоза ва содироти он ба хориҷи кишвар нигаронида шудааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин коргоҳ 20 нафар сокини маҳаллӣ, ки аксарашон духтарону занони хонашин мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Коргоҳи муосир имкон дорад, ки дар як шабонарӯз 6 ва дар як моҳ 180 тонна асали табииро коркард ва босифати баланд бандубаст намояд.