Оғози сафари Раҳмон ба Ховалинг аз дуою фотиҳаи нек дар оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як иншоотҳои гонугун ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон Президенти кишвар зимни сафараш нахуст оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат намуда, барои суботу оромии Ватани азиз ва саодатмандию сарбаландии мардуми Тоҷикистон дуою фотиҳаи нек кард.
Тибқи иттилои манбаъ, оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар як мавзеи дилфиребу дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, ҳамарӯза аз он ба ҳисоби миёна аз 400 то 500 нафар сайёҳи дохилию хориҷӣ зиёрат мекунанд.
“Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулин барои боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон аз ин ҷо дастуру ҳидоятҳо доданд”, хабар додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Аз майдони варзишӣ то корхонаи нонпазӣ - ифтитоҳи чанд иншоот дар Ҳамадонӣ аз сӯйи Раҳмон
Бояд қайд, ки феълан дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг барои қабули сайёҳон 6 меҳмонхонаи замонавӣ, 10 хостел, 4 мавзеи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 2 осорхона, 2 ширкати сайёҳӣ, 60 ёдгории таърихӣ, 2 мағозаи фуруши армуғон, 3 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангӣ — фароғатӣ мавҷуд буда, 9 хатсайри сайёҳӣ дар мавзеъҳои муайян ва меҳмонхонаҳо овезон карда шудаанд.
Дар меҳмонхона ва хостелҳои ноҳияи Ховалинг имкони қабули то 500 нафар меҳмон мавҷуд аст.
Ёдрас мешавем, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикиcтон барои қадршиносӣ ба таърихи миллати тоҷик ва корнамоиҳои шахсиятҳои шинохтаи таърихӣ соли 2006 мақбараи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ бунёд карда шуд.