Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Даҳшати коронавирус дар Русия: фавти 890 нафар дар як рӯз

Шабонарӯзи гузашта бар асари бемории коронавирус дар Русия 890 нафар ба ҳалокат расиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт – Sputnik. Ҳукумати Русия 3-юми октябр гуфт, дар шабонарӯзи гузашта марги 890 касро аз бемории коронавирус сабт карданд. Ин омори баландтарин аз оғози пандемия аст.
Мақомоти Русия гуфтанд, дар шабонарӯзи гузашта бемории зиёда аз 25 ҳазор кас низ тасдиқ шуд. Бештар аз 4 ҳазор нафари онҳо дар Маскав ҳастанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Фавт аз коронавирус дар Русия тайи ду рӯзи ахир рекордӣ шуд
Дар умум, то ин дам дар Русия зиёда аз 7.5 миллион кас ба коронавирус мубтало шуда, беш аз 210 ҳазор кас ҷон бохтаанд. Бо вуҷуди ин, аксарият тахмин мезананд, ки шумораи беморону қурбониёни коронавирус кам гузориш мешавад.
Тибқи омори расмӣ, тақрибан 50 миллион нафар аз аҳолии 146-миллионии Русия ҳадди ақал як ваксина гирифтаанд. Дар айни замон дар ин кишвар ягон маҳдудияти вобаста ба коронавирус вуҷуд надорад.