ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ахиран бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, мардуми деҳа ва масъулони соҳа дар деҳаи Сӯфӣ - Орифи Ҷамоати деҳоти Зарҳалол хати нави оби нӯшокӣ ба истифода доданд.
Тавре рӯзномаи “Ҷумҳурият” менависад, дар ин деҳа 8533 нафар ба сар мебарад.
“Сохтмони хати оби нӯшокӣ бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба анҷом расонда шуд. Оби ошомиданӣ аз Ҷамоати деҳоти Пошкент тавассути қубури полиэтилении қутраш 160 миллиметра аз масофаи 7 километр ҷорӣ гардида, аз қубури асосӣ ба деҳаи Сӯфӣ - Ориф дар ҳаҷми 22 литр дар як сония ҷорӣ мешавад”, - зикр кардааст масъулини ноҳия.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур аҳолии деҳа, беморхонаи минтақавӣ, муассисаи таълимии №2 ва 1 бунгоҳи саломатӣ пурра бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд.
Масъулин гуфтааст, ки мушкили чандинсолаи онҳо ҳал гардид.