“Дар ҷои кораш нест”: Қорӣ Фасеҳуддин захмӣ шудааст?

Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли “Иморати исломии “Толибон”*, аз як камини нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҷон ба саломат бурдааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Хабари ҳамла ба сардори Ситоди кулли “Иморати исломӣ” як ҳафта қабл аз манобеъи расмӣ ба даст расида буд, аммо бинобар адами далоили мувассақ аз нашри он парҳез гардид.
Ҳоло манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз қавли як фарди наздик ба Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар ва ҳоло вазири дифоъи “Иморати исломии “Толибон”* гуфтанд, ки Қорӣ Фасеҳуддин як ҳафта ба ин сӯ дар дафтари кориаш дида нашудааст ва дар ягон ҷаласа ширкат накардааст.
“Тибқи хабарҳо ӯ дар манзилаш табобат мегирад, аммо маълум нест, ки аз чӣ”, - гуфт манбаъ.
Қаблан ин хабар расида буд, ки сардори Ситоди кулли “Толибон”* як ҳафтаи қабл дар масири Соланг, 10 километр қабл аз вуруд ба шаҳри Ҷабал-ус-сироҷ ба камини чирикиҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ думор омад.
“Худи Қорӣ Фасеҳуддин аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурда, аммо ёвараш ба шиддат захмӣ ва яке аз муҳофизонаш кушта шудаанд. Пас аз раҳоӣ аз камин ёвари ӯ ба шифохонаи амниятии Кобул интиқол ёфт”, - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.
Ба қавли манобеъ, адами ҳузури худи Қорӣ Фасеҳуддин дар дафтари кориаш нишон медиҳад, ки ӯ низ захмӣ шуда ва аз хавфи расонаӣ нашудан ё мулоҳизоти дигар дар шифохона бистарӣ нашудааст.
Тибқи иттилои мувассақ, Қорӣ Фасеҳуддин 21 сентябр дар шаҳри Файзободи Бадахшон қарор дошт ва бо Мавлавӣ Амонуддин, волии вилоят масъалаи таъсиси “Лашкари Мансурӣ” – ро ба баррасӣ гирифта буд.
22 сентябр ин лашкар аввалин режаашро дар Файзобод баргузор кард, аммо манобеъ гуфтанд, ки Қорӣ Фасеҳуддин дар он ширкат накарда, роҳии Тахор шуд ва 25 сентябр дар ин вилоят низ “Лашкари Мансурӣ” режа рафт.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Қорӣ Фасеҳуддини бадахшӣ “зинда шуд” – у вазифа гирифт
Зоҳиран, ӯ ҳангоми бозгашт аз Тахор ба Кобул дар дараи Соланг ба камин афтодааст. Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуотии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз ҳамла ба Қорӣ Фасеҳуддин изҳори бехабарӣ карда, гуфт, агар чунин иттифоқе афтода бошад, кори дасти худи “Толибон”* аст, зеро на ҳама аз қудрати ӯ хуш ҳастанд.
Қорӣ Фасеҳуддин ҳудуди 55 сол дошта, зодаи вулусволии Вардуҷи Бадахшон ва яке аз чеҳраҳои бонуфузи тоҷик дар ҳукумати “Толибон”* аст.
Ӯ дар гузашта волии номниҳоди “Толибон”* дар Бадахшон буд, ки баъди ба қудрат расидани онҳо фармондеҳи минтақаи шимолу шарқ ва баъдтар сардори Ситоди вазорати дифоъ, яке аз мансабҳои калидии низомии “Иморати исломӣ” таъйин шуд. Ӯ ҳамзамон қитъаи хоси “Толибон”* – ро дар ҷангҳои Панҷшер фармондеҳӣ мекард.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар