Эмомалӣ Раҳмон бо Анна Биердер ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонро баррасӣ карданд

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна хонум Анна Биердер мулоқот кардааст, хабар додааст, котиботи раисиҷумҳур
Зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон номояндаи Бонки ҷаҳониро аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсол ва содироти энергияи тоза ва барқароршаванда ёдовар шуда, ҷонибдории Бонки ҷаҳониро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд.
Масъалаҳои вазъи Тоҷикистон дар давраи пандемияи КОВИД-19, таъсири он ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд барои аз байн бурдани ин бемории сироятӣ ва бартараф намудани паёмадҳои он аз мавҳуоти дигари гуфтугӯи Раҳмон ва Биердер будааст.
Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ ба даҳҳо миллион доллар созишнома имзо карданд
Изҳори умед карда шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди Тоҷикистон барои амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати кишвар дар самти таъмини рушди устувор саҳмгузор боқӣ мемонад.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъдаро дар соҳаҳои ояндадори энергетика, дастгирии буҷети давлатӣ ва рушди дигар бахшҳои муҳими Тоҷикистон, баррасӣ карданд.
Дар мулоқот ҳамчунин таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла дастгирии Буҷети давлатӣ ва ҷалби бештари маблағҳои Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ.
Вазорати меҳнат бо Бонки Ҷаҳонӣ танзими бозори меҳнат ва рушди ҳамкориҳоро баррасӣ кард
Ҳамзамон, зимни баррасии вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба таъсири бевоситаи вазъи сиёсии Афғонистон ба амнияти иқтисодиву тиҷоратии минтақа табодули афкор сурат гирифтааст.
Таъкид шқдааст, ки Бонки ҷаҳонӣ давоми 28 соли гузашта барои 110 лоиҳа дар Тоҷикистон 2,2 миллиард доллари америкоӣ қарзу грант додааст.
Айни замон, Бонки ҷаҳонӣ 23 лоиҳаро дар Тоҷикистон бо маблағи умумии 1,2 миллиард доллари америкоӣ маблағгузорӣ мекунад.