ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Намояндагони гурӯҳи “Толибон”* вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро шарҳ доданд, иттилоъ додааст хабаргузории “РИА Новости”.
Ба гуфтаи сухангӯи гурӯҳи “Толибон”* Билол Каримӣ, ин гурӯҳ аъзои мусаллаҳашро ба марзи Тоҷикистон набурдааст.
Каримӣ дар посух ба ин суол, ки "оё сарбозони ин гурӯҳ ба марзи Тоҷикистон интиқол ёфтаанд ё на?", гуфт: "Ин хабар воқеият надорад”.
Қобили зикр аст, ки қаблан муовини мудири шуъбаи иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия Алексей Зайцев зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки Тоҷикистон ва ҷангҷӯёни “Толибон”* нерӯҳои худро ба марзҳои Тоҷикистону Афғонистон интиқол додаанд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон.