Никулину Завқизода тақвияти ҳамкориҳои иҷтимоиву иқтисодиро баррасӣ карданд

Дар Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо мудири Бонки Авруосиёии рушд дидору гуфтугӯ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе вохӯрии Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Мудири Бонки АвруОсиёии рушд дар Тоҷикистон Николай Никулин баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод.
Манбаъ иттилоъ додаст, ки ҷонибҳо лоиҳаи Стратегияи кишварии БАОР дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026-ро муҳокима намуданд.
Пешгӯии БАОР дар мавриди иқтисоди Тоҷикистону кишварҳои минтақа
Ҳамчунин тарафҳо, тақвияти ҳамкориро дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ, аз қабили таъсиси марказҳои тақсимоти яклухт мувофиқи талаботи муосир, сохтмони клиникаҳои бемориҳои сироятӣ, коркарди канданиҳои фоиданок ва таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ, инчунин дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шумориданд.
Қайд карда шудааст, ки дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор карданд.