ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ дар вилояти Суғд маводи мухаддиреро, ки дар доираи 95 парвандаи ҷиноӣ мусодира кардааст, нобуд кард.
"Беш аз 249,6 кило воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки дар доираи 95 парвандаи ҷиноӣ ва 64 маводи маъмурӣ мусодира гардиданд, таҳти назорати комиссия дар ҳузури намояндагони мақомоти суду прокуратура ва ВАО нобуд карда шуданд",-хабар дод ВУД.
ВУД эълон намудааст, мусодираи маводи мухаддир дар мақомоти корҳои дохилӣ яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ анҷом мешавад. Таъкид шудааст, ки ин омил ҳангоми натиҷагирӣ ва баҳодиҳии фаъолияти шуъбаву хадамоти мақомот мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор мегирад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сӯзонида нест кардани воситаи нашъадор идомаи мантиқии мубориза бо гардиши маводи мухаддир буда, барои пурра аз муомилот мондани воситаи нашъадор мусоидат менамояд. Барои нобудсозӣ маводи мухаддире пешниҳод мешавад, ки ҳалнома ва таъйиноти судӣ барои маҳви онҳо аллакай ба тасвиб расидааст.