ИМА дар рақобат бо Русия Аврупоро бохт

Расонаҳои ҷаҳонӣ мегӯянд, дар пасманзари буҳрони ҷаҳонии энержӣ, ки тамоми бозорҳои умдаро фаро гирифт, барои таъмини амнияти энержӣ Иттиҳод Аврупо бояд танҳо болои худ ҳисоб кунад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik, Сергей Савчук. Нафткашҳои хат-хат ва ситорадорӣ аврупоӣ бо “молекулаи озодӣ”-и моеъ барои гази моеи Русияи мустабъид ба унвони ҷойгузини гази Аврупо намеоянд. Агар ибораи маъруфи “инқилоби варақсангӣ”-ро тасифр кунем, он заруратеро, ки ҳамеша дӯстони амрикоии мо мегуфтанд, бинобар як садамаи гӯшхарош ноком шуд.
Барои тавсифи вазъи мавҷуд рӯ ба арқоми бунёдие меорем, ки аз рӯзи аввали мубориза барои “Маҷрои Шимол” матраҳ буданд.
Ҳуҷуми фаъоли фурӯшандаҳои гази моеи амрикоӣ ба бозорҳои аврупоӣ дар солҳои 2018-2019 мушоҳида шудааст. Истихроҷи газ дар ин солҳо дар ИМА бо сад миллиард метри мукааб афзоиш ба 840 миллиард метри муккааб расид. То поёни поизи соли 2018 содироти гази ИМА ба Аврупо кам буд, аммо дар моҳи сентябри ҳамон сол Доналд Трам дар зимни дидор бо Жан-Клод Юнкер, раиси вақти парлумони Аврупо ӯро маҷбур кард, Амрикоро дар ҷиҳати содири газ “чароғи сабз” ва онҳоеро, ки ба Аврупо гази амрикоӣ ворид мекунанд, имтиёз диҳад.
"Бозии тӯлонӣ". Сиёсатшинос дар бораи шарти сенаторҳои ИМА оид ба "Маҷрои шимол 2"
Ҳаҷми содироти гази Амрико ба Аврупо, ки дар моҳи июни ҳамон сол баробар ба 250 миллион метри муккааб буд, дар декабр ба яку ним миллиард расид. Маҳз дар ҳамин замон дар матбуоти ватанию хориҷӣ матолибе мунташир мешуданд, ки мегуфтанд, умри “Маҷрои Шимол-2” ба поён расид.
Дар он замон гумон мерафт, ки чунин мешавад. Расо як сол пас, дар моҳи декабри соли 2019 содироти гази моеи Амрико ба Аврупо ба ҳадди аксари содиротӣ расид. Саҳми Амрико дар бозори Аврупо 16 дарсад буд, аммо тайи як сол ду баробар бештар афзоиш ёфт. Газкашҳо бошитоб дар саросари уқёнус ҳаракат мекарданду газро аз Картахенаи Испаниё то Торнио Манга дар Финлядия захира менамуданд. Бритониё, Испания, Лаҳистон ва Португалия аз кишварҳои аслии харидори гази Амрико буданд. Ин ҷо бояд таъкид кард, ки сухан дар бораи гази моеъ меравад, на кулли масорифи Иттиҳоди Аврупо.
Аммо баъдтар коронавирус ҷаҳонро фаро гирифту ҳама ях кард. Аллакай дар семоҳаи соли 2020 арзаи газ аз Амрико ба Аврупо дар ҷойи дувум қарор гирифт ва дигар ба ҷойи рекордияш барнагашт. Агар назокати матолиби расонаҳои амрикоӣ дар ин хусус ба назар гирифта шавад, метавон гуфт, ҳатто дар Вашингтон ҳам ба бозгашти Амрико ба ҷойгоҳи қаблии худ дар тиҷорати газ дар Аврупо бовар надоранд.
Чун КОВИД-19 оғӯши хафакунандаи худро боз кард, иқтисоди ҷаҳонӣ бо қудрат барои бозёбии тавлид шитоб намуд. Ва дар ҳамон ҷо мушаххас шуд, ки сиёсат ва ваъдаи кумак як чиз асту бозори озод чизи дигар. Истихроҷи рекордии 914 миллиард метри муккааб дар коргоҳҳои Амрико дар соли 2020 ё дар ин кишвар боқӣ монданд ё ба Осиё ва Уқёнусия ирсол шуданд. Зеро дар кишварҳои ахирӣ арзиши гази моеъ болост ва фурӯшандаҳои хусусӣ ба фоидаи тазминшуда ва зиёд бартарӣ медиҳанд.
Яке аз кишварҳои Аврупо шикаст дар набард алайҳи "Маҷрои шимол - 2"- ро эътироф кард
Агар сиёсатмадорони аврупоӣ заҳмати варақ задани китобҳои мактабии ҷуғрофиёро мекашиданд, онҳо медонистанд, ки Осиё ва Уқёнусия 58 кишвар ва дар маҷмуъ беш аз панҷ миллиард нафарро шомил мешавад. Ҳамчунин дар он ҷо Чин ба унвони кишвари аслӣ ҷойгир аст, ки амалан метавонад ҳама гуна манобеи эенержиро фурӯ барад. Ба гузориши Оҷонсии Байналмилалии Энержӣ, Пекин имсол харидории гази моеашро ду баробар бештар кард ва ба ин далел коргоҳҳои ин навъи газ дар кулли ҷаҳон 40 дарсад афзун шудаанд.
Барои ҳамин вақте ки арзиши миёнгини ҳазор метри муккааб дар Аврупо мувофиқ ба ҷайби харидорон, ҳудуди 320 доллар буд, дар Осиё ва Уқёнусия он ба 700 доллар мерасид.
Имрӯз расонаҳои амрикоӣ иттилоъ медиҳанд, ки махзанҳои зеризаминии ин кишвар ба мисли махзанҳои Аврупо ба ҳадди соли гузашта пур нашудаанд ва масрафи тавлид ба осмон дакка хӯрдааст, ки ин тазмини афзоиши арзиши нерӯи барқ барои ҷамъият аст.
Амалан Вашингтон бо ҳалли мушкилоти дохилӣ ва ҳифзи ҳаққи худ дар Осиё “Газпром”-ро иҷозат медиҳад, то бозори Аврупоро тасоҳуб кунад. На сухан, балки амалия таъйид менамояд, ки ҳич ҷойгузине барои таъмини газ аз тарқи хатти лӯла вуҷуд надорад. Ин хатти лӯла аст, ки ба танҳоӣ метавонад амнияти энержӣ ва барқарории саноати Иттиҳоди Аврупоро тазмин кунад.
Иёлоти Муттаҳида тайи чаҳор сол бо тамоми нерӯ талош кард, то фишангҳои маъруфи газро дар Аврупо аз дасти мо бигирад. Вале ин ҳама танҳо барои он буд, ки саранҷом онҳоро боз ба мо баргардонад.