ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мӯътадил арзёбӣ мешавад. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба як манбаъ дар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар додааст.
Манбаъ меафзояд, феълан дар қаламрави Афғонистон, ки Тоҷикистон ҳаммарз аст, ҷамъшавии ҷангиёни ҳаракати "Толибон"* ба назар намерасад. Илова бар ин, аз ҷониби ҳамсоякишвари Афғонистон ягон иғвоангезӣ низ вуҷуд надорад.
"Аз лаҳзае, ки "Толибон"* қаламрави ҳаммарз бо Тоҷикистонро зери назорати худ қарор доданд, тамоми сохторҳои қудратӣ ва интизомии кишвари мо дар ҳолати омодабош қарор гирифтанд", - таъкид намудаанд нерӯҳои амниятӣ.
Қаблан Вазорати умури хориҷии Русия аз Душанбе ва Кобул даъват карда буд, ки ба ихтилофот хотима диҳанд.
Вазорат таъкид кард, ки Федератсияи Русия аз хабарҳо дар бораи ҷалби сарбозон ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон нигарон аст. Алексей Зайтсев, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки даҳҳо ҳазор ҷангиёни "Толибон"* дар вилояти Тахори марз бо Афғонистон мустақар шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран "Толибон"* даъво намудаанд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии ин кишвар дахолат мекунад.