Русия

Теъдоди муҳоҷирон дар Русия эълон шуд

Ҳоло тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар ҳафт миллион шаҳрванди хориҷӣ ба сар мебаранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод, ки ҳоло дар кишвар 7 миллион шаҳрванди хориҷӣ ҳаст, менависад ТАСС.
Дар ин бора сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия генерал -лейтенанти милитсия Валентина Казакова хабар додааст.
Дар ҳамин ҳол, шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ он қадар зиёд нест.
"Дар Русия дар маҷмӯъ ҳафт миллион хориҷӣ, муҳоҷироне ҳастанд, ки ба Федератсияи Русия омадаанд. Миёни онҳо афроди қонунӣ ва шумораи ками ғайриқонунӣ ҳастанд", - гуфт Казакова.
Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, зиёда аз як миллион муҳоҷире, ки ҳангоми пандемия дар Русия монданд, мақоми ҳуқуқии худро дар ин кишвар ҳал карданд.
Валентина Казакова тавзеҳ дод, ки барои ин тоифаи шахсоне, ки қонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия мемонанд, мӯҳлати иҷозатнома, агар онҳо ба охир расанд, аз 15 марти соли 2020 то 30 сентябри соли 2021 то 30 декабри соли 2021 тамдид карда мешаванд.
"Ҳама он шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба назди мо омада, дар феҳристи муҳоҷират сабти ном карданд, беш аз як миллион нафар аст ва ҳамаи ин барои онҳо рабт дорад", - гуфт сардори Сарраёсати муҳоҷирати ВКД.
Русия метавонад манъи депорти муҳоҷиронро тамдид кунад
Ҳамзамон, Казакова хотиррасон кард, ки муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия қарор доранд, метавонанд то 30 сентябр ба воҳидҳои муҳоҷирати ВКД ташриф оварда, сабти ном кунанд.
Ёдовар мешавем, ки 30 сентябр имтиёзҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки ҳангоми пандемия аз коронавирус ҷорӣ карда шуд, ба охир мерасад.
Дар робита ба онҳое, ки пас аз 30 сентябр дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор мегиранд, меъёрҳои қонуни 115 -и федералӣ татбиқ карда мешаванд, ки ба кормандони полис имкон медиҳад то барои хориҷ кардани хориҷиён аз қаламрави Федератсияи Русия чораҳои маъмурӣ андешанд.