ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Ҷашновораи синамобазми байналмилалии "Дурдонаи шоҳроҳи Абрешим" таҳти шиори "Барои сулҳ, маърифат ва пешрафт" дар шаҳри Тошканд ин ҳунармандонро аз кишварҳои Тоҷикистон, Ҳиндустону Русия ва Туркияву Қирғизистон гирди ҳам овард.
Масъулони ҷашнвораи мазкур ба ин гурӯҳи ҳунармандон барои саҳми назаррас дар рушди театр ва кино бо ҷоизаи махсус, ки иборат аз диплом бо ангораи тиллоӣ ва маблағи пулӣ ба миқдори 20 ҳазор доллари амрикоӣ тақдим намудаанд.
Мирзоаҳмади Мирзоумар, ҳунарманди Театри мазҳака ва мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва аз шогирдони Сайрам Исоева дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон эъто шудани чунин ҷоиза ба устодашро таъйид кард.
Актриса Сайрам Исаева
© из архива Сайрам Исаевой
Ӯ гуфт, Исоева чанд рӯз пеш барои иштирок дар ҷашнвораи “Дурдонаи шоҳроҳи Абрешим” ба шаҳри Тошканд сафар намуда буд.
"Аз шунидани ин хабар хеле хушҳол шудем. Дар қатори ҳунармандони сатҳи ҷаҳонӣ қадршиносӣ шудани Сайрам Исоева барои мо ифтихори бузург аст", - таъкид намуд Мирзоумар.
Сайрам Исоева аз ҳунармандони номвари тоҷик аст, ки ҳудуди 60 сол ин ҷониб рӯи саҳнаи театр кор мекунад. Хоҳари ӯ Майрам Исоева, ки 84 сол умр дорад, низ яке аз беҳтарин ҳунармандони тоҷик ба шумор меравад.
Дар соли 1971 замоне, ки Сайрам ҳамагӣ 29 сол дошту ҳунарманди ҷавон буд, Борис Кимёгаров ҳунарманди маъруфи он замон барои иҷрои нақше дар филми “Рустам ва Суҳроб” ба суроғи даҳҳо ҳунармандони ҷавон рафт, вале ҳеҷ касе ба ҷуз Сайрам Исоева ҷуръат накард, ки савори аспи бодсум маҳорати худро собит намояд.
Аз ҳамин замон, Сайрам Исоеваро ба гунаи Гурдофарид -қаҳрамондухтари асари "Шоҳнома" мешиносанд ва ба маҳорати ҳунарварии он эҳтиром қоил шудаанд. Исоева ҳоло 79 сола мебошад. Давоми шашст соли фаъолияти худ дар чандин филмномаҳо ва намоишномаҳои театрӣ нақш иҷро кардааст.