ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Урсула Фон дер Ляйен, раиси кумисюни Аврупо, ахиран дар саҳифаи Твиттери худ навиштааст, ки “Иттиҳодияи Аврупо дар канори мардуми Афғонистон аст”, иттилоъ додааст Sputnik аф-онистон дар истинод ба хабаргузории Хома.
Дар ҳамин ҳол, Янс Ленарчич, комиссари Иттищодияи Аврупо оид ба идоракунии бӯҳронҳо гуфт, ки онҳо ба Афғонистон дар ҳаҷми 32 тонна кӯмаки башардӯстона расониданд.
"Ин кумак аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба афроди аз ҳама ниёзманд дар Афғонистон тақсим мешавад", - афзуд Ленарчич.
Қаблан Оҷонсии Рушди Байналмилалии СММ (USAID) барои ҷилавгирӣ аз суқути бахши тандурустии Афғонистон 45 миллион доллар ихтисос дода буд.
Ин кӯмаки башардӯстона дар ҳоле сурат мегирад, ки мардуми Афғонистон бо бӯҳрони ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудаанд ва сахт ба кумак ниёз доранд.
Ахиран аввалин маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи Чин вориди Кобул шуд ва қарор аст, тавасути вазорати муҳоҷирин ва бозгашткунандагон дар Афғонистон тақсим карда шавад.