Чангу ғубор дар Душанбею Хатлон: Дамои ҳавои Тоҷикистон барои 30 сентябр

Ҳавошиносон мегӯянд, дар қисмати шимолии кишвар ҳавои бебориш шуда, чангу ғубор дар ҷануби Тоҷикистон идома меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
КҲФ аз хокбод, барфи тар ва борони шадид дар Суғд ҳушдор дод
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.