Рӯзи 30 - юмисентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?
Соли 1890 дар Олмон қонунҳои зиддисотсиалистӣ бекор карда шуданд.
Соли 1901 дар Фаронса бақайдгирии ҳатмии мошинҳое, ки суръаташон аз 36 км/соат баланд аст, ҷорӣ карда шуд.
Соли 1902 абрешими сунъӣ соҳиби патент гардид.
Соли 1929 бахши англисии "Би-би-си" аввалин маротиба ба пахши барномаҳои телевизионӣ шурӯъ кард.
Рӯзи 30 - юми сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?
Соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон дар 49-умин Ассамблеяи генералии СММ суханронӣ намуд.
Соли 1997 раванди бозгашти гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон хотима ёфт.
Афганские дети и женщины в комплексе вилл в Катаре
© AFP 2023 / Karim Jaafar
Соли 1997 роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб кушода шуд.
Соли 2010 Ҳукумати Тоҷикистон нақшаҳои генералии шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Сомониён — маркази ноҳияи Рӯдакиро тасдиқ кард.
Соли 2012 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё – 2012 миёни дастаҳои "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ал-Аммарӣ"-и Фаластин баргузор гардид. Бозӣ бо иштирок ва дастгирии беш аз 19 ҳазор мухлисони футбол ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи футболи "Истиқлол"-и Тоҷикистон анҷом ёфт.
Чемпион Таджикистана душанбинский "Истиклол" одержал первую, историческую победу обыграв узбекский клуб АГМК со счетом 3:2.
© Hamoud Al-Osaimi
Соли 2015 дар ИМА Президент Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди "Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором" суханронӣ кард.
Соли 2016 лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид.
Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари заминларза ва сунами дар шаҳри Палуи Ҷумҳурии Индонезия ва ноҳияҳои атрофи он ба Президенти ин мамлакат Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуд.
Ҷашнҳои 30 - юми сентябр
Дар Тоҷикистон – Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ.
Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо.
Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти адлия.
Дар Ҷумҳурии Абхазия – Рӯзи истиқлолият.
Рӯзи 30 - юми сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Ҷалолиддини Румӣ (1207–1273) – шоири форс – тоҷик.
Абдулфаттоҳ Шафиев (1981) - журналист.
Абдуқодир Xомеъи Самарқандӣ (1890-1986)- шоир.
Баҳоваддин Зуҳуриддинов (1946) – меъмор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
Борис Кимёгаров (1920 – 1979) – коргардони кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
Исматулло Мадалиев (1950) –доктори илми тиб, профессор.
Юрий Маслюков (1937-2010)- арбоби ҳизбию давлатии шўравӣ, (зодаи ш. Хуҷанд)
Нуриддин Набиев (1932)- арбоби ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Илария Райкова (1896 – 1979) – доктори илми биологӣ, профессор.
Тоҷирҷон Сатторов (1947) – доктори илми биологӣ, профессоАҳмадшо Улфатшоев (1945)- актёри театру кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Баҳриддин Ҳомидов (1908-1978)- актёри театр.
Нисон Шоулов (1925-2000) – найнавоз, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.