ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо президенти иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии СММ Абдуллоҳ Шоҳид, таҳаввулоти ахир дар Афғонистонро баррасӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, музокироти мазкур дар ҳошияи иҷлосияи 76 -уми Маҷмаи умумии СММ сурат гирифт.
Муҳриддин ва Шоҳид ба мувофиқа расиданд, ки барои мубориза бо таҳдидҳо аз сӯйи Афғонистон, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Мавзуи дигари муҳими музокирот тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СММ дар соҳаҳои амният, иқтисод ва дигар соҳаҳо буд.
Тарафҳо инчунин таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, аҳамияти вокуниши муассир ба паёмадҳои иқтисодию иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зистро баррасӣ намуданд.