ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Манъи ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ метавонад баъди 1 октябр тамдид шавад, хабар додааст "Коммерсант".
Валерий Фадеев, раиси Шӯрои ҳуқуқи инсон дар Русия изҳор доштааст, ки муҳлати манъи депорти муҳоҷирони меҳнатӣ, ки то 30 сентябр амал мекунад, метавонад тамдид шавад.
Вуҷуди чунин як эҳтимол дар тамдиди муддати манъи ихроҷи муҳоҷиринро манобее дар ҳукумати Русия низ тасдиқ кардаанд.
Ин ташаббусро ширкатҳои сохтмонӣ ва идораҳои манзилию коммуналӣ низ ҳимоят мекунанд, ки дар пайи ихроҷи эҳтимолӣ Русия ба камбуди нерӯи корӣ рӯ ба рӯ мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки фармони Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имкон медиҳад, дар шароити пандемия муҳоҷирон то 30 сентябр ҳузурашонро қонунӣ кунанд.
Пулиси Маскав ба муҳоҷирон аз анҷоми муҳлати имтиёзҳо хабар дода, даъват намуд, ки будубошашонро дар Русия қонунӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол ҳафтаҳои охир дар марказҳои муҳоҷират дар Русия сафҳои зиёди коргарони муҳоҷир ба назар мерасанд, ки бо гирифтани ҳаққи иқомат ва гирифтани муҷаввизи корӣ аз ин марокиз навбат мепоянд.