Президент ду маҳаллаи шаҳри Хоруғро бо об таъмин кард

Дар доираи амалишавии ин лоиҳа 240 оила аз ду маҳаллаи шаҳри Хоруғ бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари худ ба ВМКБ дар шаҳри Хоруғ сокинони ду маҳалларо бо оби ошомиданӣ таъмин намуд.
Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, ҳамакнун сокинони маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшои шаҳри Хоруғ дастрасӣ ба оби ошомиданиро пайдо намуданд.

"Об аз ҷуқурии 20 метр бароварда шуда, дар масофаи 1100 метр, то маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшои шаҳри Хоруғ дастрас карда шудааст",-омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, татбиқи лоиҳаи навсозии хатти лӯлаи оби нӯшокӣ барои сокинони ин ду маҳалла аз моҳи октябри соли 2019 оғоз гашта буд ва бо амалӣ шудани он 240 хонавода ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо карданд.
Роҳи Хоруғ қисман барои ду рӯз масдуд мешавад
Гуфта мешавад, ин лоиҳа бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд амалӣ гардид, ки масрафи умумии он се миллион доллар арзёбӣ мешавад.
Норасоии оби ошомиданӣ дар шаҳри Хоруғ яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад.