Майли муҳоҷирон ба Маскав рӯ ба коҳиш аст

Теъдоди муҳоҷирони корӣ дар шаҳру вилояти Маскав, ки қаблан то 40 дарсади теъдоди умумиро ташкил медод, майли камшавӣ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Соли 2020 муҳоҷирони корӣ, ки дар Маскав фаъолият доштаанд, 27,4 дарсади теъдоди ҳамаи муҳоҷирон дар Русияро ташкил додаанд, хабар додааст пойгоҳи хабарии "Демоскоп Weekly".
Теъдоди муҳоҷирон дар вилояти Маскав 10,6%-и маҷмӯи умумии муҳоҷиронро ташкил додаанд.
Манбаъ афзуд, дар теъдоди муҳоҷирон дар Санкт-Петербурге 13,7%, вилояти Ленинград 3,4%, вилояти Краснодар 3,0%, Ханти-Мансийск - Югра 2,2%, вилояти Амур 2,2%, вилояти Свердлов 2,1%, вилоятҳои Калуга ва Иркутск 1,7 дарсадро ташкил медиҳад.
Таассуфи Вазорати меҳнату муҳоҷират аз фавти ду роҳбари ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия
Инчунин зикр шудааст, ки соли гузашта теъдоди умумии муҳоҷирон дар пасманзари хуруҷи пандемия коҳиш ёфтааст. Соли 2019 низ шумораи муҳоҷирон аз 85 музофот дар 81 ададаш коҳиш ёфт.
Дар семоҳаи сеюми соли 2020 дар Маскав 359 ҳазор муҳоҷир бо патенти фаъол кор мекарданд.
Бар асоси фармони раисҷумҳури Русия Владимир Путин, муҳоҷирон имкон доранд, то 30 сентябр ҳузурашонро дар ин кишвар қонунӣ гардонанд.