ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон пеш аз ҳама барои ҷавононе, ки бахши дипломатияро интихоб кардаанд, муҳим хондааст, ки таъриху фарҳанг, муқаддасоти миллии кишвар ва инчунин забонҳои хориҷиро аз худ намоянд.
Муҳриддин омӯзиши самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи ҷумҳуриро муҳим хонда, таъкид намудааст.
Малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатиро аз нуктаҳои муҳим барои дипломатҳои оянда хондааст.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар суҳбат бо нашрияи "Ҷумҳурият" таъкид намудааст, ки дипломатия самти ҷолиб, вале душвору нозук мебошад.
"Рафтору тарзи сухангӯии дипломат бояд дар доираи одоби касбии хизматчии дипломатӣ бошад, зеро ҳар рафтору гуфтори ноҷо метавонад на танҳо муносибати шахсро бо шахси дигар, балки муносибати давлатҳоро низ халалдор созад", - таъкид намудаст Сироҷиддин Муҳриддин.
Ӯ таъкид намудааст, ки дипломат дар ҳар куҷое, ки бошад, бояд, пеш аз ҳама, ҳисси баланди ватандорӣ ва фаъолияти пурсамарро ба манфиати давлати худ анҷом диҳад ва дар баробари ин, қонунгузорӣ ва расму оини миллии давлати пазирандаро эҳтиром намояд.