Эълони ҳукми марде, ки дар Сарбанд худсарона заминро аз худ кард

Моддае, ки тибқи он сокини Сарбанд гунаҳкор дониста мешавад, аз 5 то 8 соли маҳрумият аз озодӣ ва ё аз 365 то 912 нишондиҳанда ҷаримаро пешбинӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як сокини шаҳраки Сарбанд хабар медиҳад, ки дар худсарона ишғол намудани замин муттаҳам дониста мешавад.
Бинобар иттилои дафтари матбуотии Оҷонсии зидди фасод, мавсуф бар хилофи қонунгузории замин амал намуда, бидуни қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қитъаи заминеро аз худ намудааст.

"Номбурда аз ҳудуди заминҳои маҳалли аҳолинишини ҷамоати деҳоти Гулистон ва ҷӯйбори обгузари хоҷагии деҳқонии "Аминҷон-2016" майдони 0,04 га заминро худсарона ишғол намудааст",-иттилоъ додааст манбаъ.

Ба гузориши манбаъ, пас аз худсарона ишғол намудани замин ӯ дар майдони 49 метри мураббаъ оғил ва коҳдон сохтааст.
Зиндонӣ шудани як соҳибкор барои напардохтани андоз дар Леваканд
Дар ҳамин ҳол додситонии шаҳри Левакант алайҳи ин сокини Сарбанд бо қисми 2-и моддаи 338-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, онро ба додгоҳ ирсол кардааст, ки додгоҳ ӯро гунаҳкор донистааст.