ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Лариса Гузеева, ки барномаи машҳури "Биё хонадор мешавем" - "Давай поженимся" - ро дар шабакаи аввали телевизиони Русия барандагӣ мекунад, гирифтори коронавирус шудааст. Дар ин бора худи ҳунарпеша дар саҳифааш дар Instagram хабар додааст.
"Ҳамеша фикр мекардам, ки саломатӣ ин масъалаи хусусӣ аст. Ман ба ин вабо гирифтор шудам, касе эмин нест аз ин беморӣ. Табобат гирифта истодаам", - навиштааст барандаи телевизион.
Ӯ хоҳиш кардааст, ки бо зангҳо ӯ ва наздиконашро ташвиш надиҳанд, чун тавре худаш эътироф кардааст, аз ин беморӣ тарс дорад.
Бори аввал дар мавриди бемории ҳунарпеша нашрияи "Комсомольская правда" бо такя ба манобеяш хабар дод.
Ба иттилои шабакаи Telegram-ии Mash, Гузеева дар шифохонаи "Коммунарка" бо сармозадагӣ ва нишонаҳои аввали осеби гурда бистарӣ шудааст, ки раванди муолиҷаро мушкил мекунад.
Ба иттилои тасдиқношуда, вазъи ҳунарпеша миёна арзёбӣ мегардад.