Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Нақшаи ваксинагирӣ дар Душанбе сад дарсад иҷро шуд

Феълан дар Тоҷикистон 2 398 703 нафар алайҳи бемории коронавирус ваксина гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Нақшаи ваксинагирӣ дар шаҳри Душанбе 100,4 дарсад иҷро шудааст, мегӯяд Вазорати тандурустии кишвар.
Вазорат ҳамзамон теъдоди умумии нафаронеро, ки дар кишвар ваксина гирифтаанд, 2 398 703 нафар гуфт. Ҳамчунин гуфта мешавад, 1 740 682 нафар аллакай вояи дуюми ваксина алайҳи ин вирусро гирифтаанд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Охирин гирифтори коронавирус дар Хуҷанд аз бемористон мураххас шуд
Манбаъ меафзояд, сокинони кишвар баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин бемориро мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии мубориза алайҳи бемории коронавирус дар Тоҷикистон, гирифтани ваксина барои шаҳрвандони бештар аз 18-сола ҳатмист.
Ваксина барои шаҳрвандон ройгон аст.