Сафари додситони кулли Русия ба Тоҷикистон ва дидор бо Раҳмон

Игор Краснов, додситони кулли Русия бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Игор Краснов, додситони кулли Русия тасмим дорад, рӯзи 30-юми сентябр аз Тоҷикистон дидан кунад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳод.
"Додситони кулли Русия рӯзҳои 29-30-юми сентябр ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон сафар мекунад",- иттилоъ додааст сомонаи расмии Додситонии кулли Русия.
Гуфта мешавад, 29 сентябр бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон Краснов бо сафари корӣ аз Тошканд боздид мекунад. Дар ҷараёни сафар додситони кулл бо ҳамтои ӯзбекаш Неъматулло Юлдошев дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Фармони Президент: теъдоди прокурорҳо дар Тоҷикистон зиёд мешавад
Қарор аст, аз Тошканд Игор Краснов ба Тоҷикистон равад ва бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот кунад.
Ҳамчунин назар аст, ки Краснов дар зимни сафараш ба Тоҷикистон бо ҳамтои тоҷикаш Юсуф Раҳмон низ дидору гуфтугӯ кунад.