ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Абдулҳаким Шаръӣ, сарпарасти Вазорати адлияи "Толибон"* дар мулоқот бо Ван Ю, сафири Чин дар Кобул гуфт, ки онҳо Қонуни Асосии давраи Муҳаммад Зоҳиршоҳро бидуни мавориде, ки бо ислом дар тазод аст, барои як давраи муваққат иҷроӣ хоҳанд кард, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Бино ба изҳороте, ки дар саҳифаи Вазорати адлияи "Толибон"* нашр шудааст, ин вохӯрӣ рӯзи 27 сентябр баргузор шудааст.
Сарпарасти Вазорати адлияи "Толибон" дар ин дидор гуфт, ки "Толибон"* қонун ва санадҳои байналмилалиеро, ки хилофи усули исломӣ нестанд, эҳтиром мекунанд.
Дар оғози дидор сарпарасти Вазорати адлияи "Толибон"* аз Чин барои кумакаш ба Афғонистон ҳамчун кишвари дӯст изҳори сипос кард.
Абдулҳаким Шаръӣ мегӯяд, "Толибон"* дӯстӣ бо ҳама кишварҳоро мехоҳад ва намегузорад, ки қаламрави Афғонистон алайҳи ягон кишвар истифода шавад.
Сарқонуни пешниҳодкардаи "Толибон" соли 1964 эътибор пайдо кард. Дар давраи Ҳомид Карзай ин Қонуни Асосӣ то таҳия ва тасдиқи сарқонуни нав муваққатан амал мекард.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ.