"Толибон"* яке аз гузаргоҳҳои марзиро барои тиҷорат боз карданд

Кори гузаргоҳи сарҳадӣ дар марзи Афғонистону Эрон, воқеъ дар вилояти Ҳирот аз сар гирифта шуд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. "Толибон"*, ки қудратро дар Афғонистон дар даст дорад, гузаргоҳи марзӣ дар шимолу ғарби ин кишвар, дар марз бо Эронро боз кард.
Дар ин бора сухангӯи "Толибон"* Алҳанафи Вардак дар "Твиттер" хабар дод.

"Гузаргоҳи сарҳади байни Афғонистон ва Эрон, Исломқалъа барои тиҷорат боз шуд",-таъкид кард ӯ.

Гузаргоҳи Исломқалъа дар вилояти Ҳироти Афғонистон ҷойгир аст.
Он 9 июли соли 2021 ба тасарруфи толибон даромад. Пас аз он мақомоти Эрон эълом карданд, ки онҳо вазъ дар марзи Эрону Афғонистонро пурра назорат мекунанд.
Коршинос дар бораи мамнуиятҳои ҷоришуда аз сӯйи "Толибон"* дар Афғонистон: Ин хушунат аст
Ёдовар мешавем, ки "Толибон"* амалиёти густурдаеро барои барқарор кардани назорат бар Афғонистон пас аз эълони хуруҷи нерҳои ИМА оғоз кард.
"Толибон" 15 август бидуни ҷанг вориди Кобул шуд ва президент Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кард.
Аз аввали моҳи сентябр ҷангиён ташкили ҳукумати хешро оғоз карданд, аммо то кунун ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ.