ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 2 ҳазору 300 метри мураббаъ доман густурда, маблағгузории онро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба зима дорад, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи майдони Парчамӣ давлатӣ сохтмончиёнро ба риояи қоидаҳои меъморию шаҳрсозӣ ҳидоят намуда, барои зебою чароғон гардонидани ҳудуди иншоот дастур дод.
Дафтари матбуот таъкид намуд, ки лоиҳаи бунёди майдони Парчами давлатӣ дар доираи дастури Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, бо арзиши 1,2 миллион сомонӣ сохта мешавад. Қаблан майдонҳои Парчам дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар ноҳияи Шуғнон майдони Парчами давлатӣ ҳамчун макони фароғату истироҳат ва сайру гашти сокинону меҳмонон бунёд шуда, аз ҳар ду ҷониб бо чароғҳои равшанидиҳанда ва фаввораҳо зебу зиннат дода мешавад.
Сутунпояи Парчами давлатӣ 30 метр баландӣ дошта, паҳноии матои Парчам 4 ва дарозиаш 8 метрро ташкил медиҳанд.
Бунёди майдонҳои Парчами давлатӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ роҳандозӣ шудааст.